Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ роҳандозӣ шудааст.
Дарси навбатиро д.и.т., профессор Акрамӣ Зикриё гузаштанд, ки мавсуф доир ба таъсиси давлатҳои Тоҳириён ва Сафориён – оғози воқеии давлатдории миллӣ ва истиқлоли тоҷикон суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, мутолиаи асари мазкур ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.