ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

951

Имрӯз (13.03.2023) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур доир гардид.

Зимни кушодашавии озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои боз ҳам боло бардоштани маърифати миллат  ва иртифои  маънавиёти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз 5-ум то 25-уми феврали соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид, ки дар он 1446 нафар иштирок намуданд ва 178 нафари онҳо аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ба даври умумидонишгоҳӣ, яъне даври якуми озмун роҳ ёфтанд.

 Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ гузаронида мешавад. Тибқи нақша даври якуми  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 13-ум то 15-уми март баргузор гардида, дар он 13 нафар устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ рақобати довталабонро баҳогузорӣ хоҳанд кард.