ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

1726

 Имрӯз (14.04.2021) бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.

Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки воқеан эълон шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар идомаи он «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷониби Пешвои миллат боис гашт, ки мардуми тоҷик дубора рӯ ба китобу китобхонӣ оваранд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо бо иштироки 1133 нафар устоду корманд, донишҷӯву магистр ва докторант баргузор гашт, ки аз ин 244 нафар ба даври умумидонишгоҳ роҳхат ёфт. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳивию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад.