ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

612

Имрӯз (18.04.2022) бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2022 ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.

 Зимни кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ кард. Қайд гардид, ки роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аксар истеъдодҳои ҷавонро дар самти илмҳои табиатшиносӣ муаррифӣ мекунад ва барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур Донишгоҳи миллӣ тамоми шароити зарурро муҳайё намуда, довталабон метавонанд аз озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимии донишгоҳ ба таври васе истифода намоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо бо иштироки 1253 нафар устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва докторантон баргузор гашт, ки аз ин шумора 202 нафари онҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Умед аст, ки ғолибон ба давраҳои ноҳивию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад.