ДМТ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲҲОИ РАДДАБАНДИИ ҶАҲОНИИ “UI GREENMETRIC”

11

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тайи солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, густариши корҳои илмиву тадқиқотӣ, беҳтарсозии инфрасохтор, тақвияти иштироки байналмилалӣ ва амалисозии ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Самараи ин талошҳо буд, ки ин навбат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои дунё дар раддабандии “UI GreenMetric”, ки бар асоси меъёрҳои ҳадафҳои рушди устувор таҳия мешавад, қарор гирифт.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни 1747 донишгоҳи дунё аз 105 кишвар, бо гирифтани 4820 хол мақоми намоёнро ишғол кард. Лозим ба ёдоварист, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин маротиба аст, ки ба созмони раддабандии ба меъёрҳои устуворият асосёфта ворид мешавад. Созмони мазкур донишгоҳҳоро аз рӯйи 6 нишондиҳанда баҳогузорӣ мекунад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба ин нишондиҳандаҳо чунин холҳоро соҳиб гардид:

1. Танзим ва инфрасохтор – 930 (Аз 1500 холи эҳтимолӣ)

2. Энергия ва тағйирёбии иқлим – 1115 (Аз 2100 холи эҳтимолӣ)

3. Партовҳо – 700 (Аз 1800 холи эҳтимолӣ)

4. Об – 475 (Аз 1000 холи эҳтимолӣ)

5. Нақлиёт – 925 (Аз 1800 холи эҳтимолӣ)

6. Таълим ва тадқиқот – 675 (Аз 1800 холи эҳтимолӣ)

Илова бар ин, созмони “UI GreenMetric” донишгоҳҳоро аз рӯйи теъдоди донишҷӯёну омӯзгорон ва масоҳати онҳо низ раддабандӣ намудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишгоҳҳои дунё, ки теъдоди донишҷӯёну омӯзгоронаш аз 15000 боло аст, мақоми 407-умро гирифта, байни донишгоҳҳое, ки масоҳаташон аз 150000 м2 то 1750000 м2 аст, ҷойи 522-умро соҳиб гаштааст. Дар қитъаи Осиё бошад, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми 644-умро ихтиёр дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аллакай ба сеюмин раддабандии донишгоҳҳои дунё ворид мешавад. Ба ҷуз аз “UI GreenMetric” Донишгоҳ боз дар созмонҳои раддабандии “QS” ва “Times Higher Education” мақоми вижа дорад. Роҳбарияти Донишгоҳ имрӯзҳо тамоми талошу кӯшишҳои худро ба он равона карда истодаанд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тамоми стандартҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ гардида, ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ қавӣ гардонад.

И. Ғаффорзода, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ,

К.Файзуллоев, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, масъул дар самти кор бо раддабандиҳои байналмилалӣ