ДМТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

647

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №26/10-17 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ санаи 16.05.2021 дар саросари мамлакат дави миллӣ баргузор гардид. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар ин чорабинии муҳимми ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар дави миллӣ наздик ба 300 ҳазор нафар иштирок намуданд.