ДМТ: ХУШҲОЛИИ ЯТИМОНУ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

529

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳошияи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз (29.12.2021) раёсати Донишгоҳи миллӣ тасмим гирифт, ки ба зиёда аз 150 нафар донишҷӯи ятиму маъюб ва ниёзманд кумаки молиявӣ расонида, чорабинии фарҳангии солинавӣ ташкил намояд.

 Зимни сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёнро ба муносибати соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки дастгирии ятимону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи вижаи роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Гуфта шуд, ки дар рӯҳияи инсонпарварона тарбия намудани насли наврас ва дастгирии ниёзмандон яке аз самтҳои фаъолияти ин ё он сохтори илмию таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, беҳтарин амалҳои неки инсонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангиро пешниҳоди ҳозирин намуданд.