Ҳамасола бо мақсади ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба соҳаи илм бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи соҳаҳои гуногун олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» санаи 12-13-уми марти соли ҷорӣ олимпиадаи мазкур баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёне, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳсил мекунанд, иштирок намуда, аз рӯи 7 самти илм: математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ дар шакли тахассусӣ ва ғайритахассусӣ сабқат намуданд.
Имрӯз (13.03.2020) дар толори асосии бинои АИ ҶТ олимпиадаи мазкур ҷанбаст гардид. Дастаи олимпии Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани чор ҷойи аввал ва ду ҷойи дуюм ғолиб баромада, сазовори диплому «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд. Шоҳрух Ҳусейнов – донишҷӯи курси 4-уми факултети механикаю математика аз фанни математика (роҳбар А. Мирзоев), Ашӯрзода Хусрав – донишҷӯи курси 2-юми факултети механикаю математика аз фанни технологияи информатсионӣ (роҳбар А.Ғаффоров), Юсуф Холов – донишҷӯи курси 1-уми факултети физика аз фанни физика (роҳбар О.Одилов), Нормаҳмад Нормаҳмедов – донишҷӯи курси 3-юми факултети физика аз фанни астрономия (роҳбар А. Сафаров) сазовори ҷойи аввал ва Умедҷон Боронов – донишҷӯи курси 3-юми факултети геология аз фанни геология (роҳбар Ф.Файзиев), Абдурауф Салимов – донишҷӯи курси 2-юми факултети биология аз фанни биология (роҳбар Х.Ҳамидов) ғолиби ҷойи дуюм гардиданд.
Бад-ин тартиб ДМТ дар олимпиадаи мазкур дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар ин олимпиада иштирок доштанд, сазовори ҷойи аввал гардид.