
Аз 12 то 15 майи соли 2025 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон, бахшида ба 30-солагии нейтралитети Ҷумҳурии Туркманистон, ду чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Чорабинии аввал — Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон: ҳамкорӣ ба хотири сулҳ, амният ва рушди устувор» ва дуюм — Форуми дуюми байналмилалии донишҷӯён бо унвони «Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳ» буд.
Дар кори ин ҳамоишҳои бонуфуз дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети молиявию иқтисоӣ Тағоев Маҳадмумин ширкат намуд.
Ба ҳайати даста донишҷӯёни зерин шомил буданд:
1. Сафарзода Сино — донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз;
2. Раҳматшоева Лутфия — донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисоди миллӣ;
3. Чор нафар донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ: Розиқова Ёсуман, Ҳукумзода Муҳаммадҷон, Абдулазиз Назиров ва Умед Ахмедов.
Рӯзи 12 май дар доираи ин чорабиниҳо олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 13 кишвар ва 39 донишгоҳ иштирок доштанд. Аз рӯйи натиҷаҳои олимпиада Сафарзода Сино сазовори ҷойи аввал гардид, дар ҳоле ки панҷ нафар аз шогирдони дигар мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Ин дастовардҳои назаррасро ба устодон ва донишҷӯён сидқан муборакбод гуфта, ба онҳо барои муваффақиятҳои минбаъда комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.
Муборак бошад!