«ДОНИШ» – КУМИТАИ ФАЪОЛ

595

(Озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” доир хоҳад шуд)

Имрӯз (14.01.2022) дар толори калони ДМТ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” доир гардид.

Дар кори маҷлис Хонзода А.У.- роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода З. А. -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қ.Х. дар самти фаъолияти иҷроияи ибтидоии “Дониш” дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 шунида шуд.

 Таъкид шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои калонтарин ва фаъол буда, имрӯз 25 ташкилоти ибтидоиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ибтидоии кумита дар заминаи факултетҳо ва зерсохторҳои мавҷудаи донишгоҳ таъсис ёфта, фаъолияти пурсамар доранд. Аз ин шумора 18 ташкилоти ибтидоӣ дар заминаи факултетҳо ва 7-тои дигар дар ҳайати раёсат ва дигар сохторҳои амалкунандаи донишгоҳ таъсис дода шудаанд.

“Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-ро иштироки аъзоёни он дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аъзоёни кумита дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол буда, ҳамеша аз уҳдаи супоришҳо сарбаландона мебароянд”- афзуд Хушвахтзода Қ.Х..

 Тибқи рӯзномаи маҷлис меҳмонон, аз ҷумла Хонзода А.У. бо ҳамовозии аъзоёни ҳизб: Қутбиддинов А.Ҳ.- декани факултети журналистика, Шарифов Р. – декани факултети таърих ва Файзуллозода Э. – декани факултети химия ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Муҳтарам Хонзода А.У. зимнан роҷеъ ба дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи вижаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ДМТ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар амали намудани барномаҳои ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, инчунин, тарғиби идеологияи солими миллӣ нақши арзанда дорад.

Дар ҷараёни ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ. Х. пешниҳод намуд, ки дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди фаъолияти ҲХДТ миёни ташкилотҳои ибтидоии донишгоҳ озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” доир хоҳад гардид, ки аз ҷониби аъзои ҳизб пешниҳод қабул шуд.

Дар интиҳо ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон, як зумра аъзоён бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.