(Ҷараёни Комиссияи қабул)
(Ҷараёни Комиссияи қабул)Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳни факултети фалсафаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, макони қабули довталабон ва ё ба истилоҳ Комиссияи қабулро интихоб намудааст. Имрӯз аввалин донишҷӯёни курсӣ аввал қабул шуданд.
Масъулини Комиссияи қабул барои истиқболи довталабон омодагиҳо дида, дар самти ташкили варақаю гӯшаҳои иттилоотӣ, инчунин, қабули ҳуҷҷатҳо кумак расониданд. Пас аз эълони Маркази миллии тестӣ дар мавриди ҷойҳои амиқи таҳсил довталабон роҳ ба сӯйи донишгоҳҳо пеш гирифтанд.
Роҳбарияти донишгоҳ барои довталабон тамоми шароитро фароҳм сохтааст.