ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР МАҚОМИ АВВАЛ

439

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва натиҷаи фаъолияти чанде аз муассисаои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикисторо натиҷагирӣ намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотии муассисаҳоро мавриди санҷиш қарор дода, ДМТ бо касби xoлҳои бештар сазовори ҷойи якум ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Имрӯз (30.03.2022) туҳфаи хотиравӣ ба муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулмуминзода Насимҷон супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар саҳми назаррас дорад.