ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР МАҚОМИ ИФТИХОРӢ

490

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар саҳми назаррас дорад.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштани тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ талаботи замони муосир мебошад. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2019 иброз доштанд: «Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд». Дар пайи ин дастур Донишгоҳи миллӣ иқдоми нодирро рӯйи кор овард.

Имрӯз ДМТ  дар рейтинги байналмилалии «Райтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) – 2022» мақоми 4-умро ишғол намуда,  бо ҷоизаи бонуфузи “Эътироф дар сартосар ҷаҳонӣ”-и рейтинги байналмилали муассисаҳои таҳсилоти олии “Рейтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)”-2022 сарфароз гардид.
Дар Форуми VI байнулмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот натиҷаҳои Рейтинги байналмилалии  Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)”-2022 (IAAR Eurasian University Ranking (IAAR – EUR)-2022) ҷамъбаст гардид.

Рейтингро Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) анҷом дод. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилшудаи коршиносон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Рейтинги байналмилалии  Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) – 2022» мақоми 4-умро гирифт. Инчунин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи “Эътироф дар сартосари ҷаҳон IAAR EUR” (IAAR EUR Worldwide recognition) сарфароз гардид.

Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз кишварҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи умумиҷаҳонии таълими тиббии WFME/WFME гирифтааст.
Фаъолияти Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (HAAR / IAAR) ба стандартҳои таъмини сифат дар Минтақаи таҳсилоти олии аврупоии “ESG” ва Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббии “WFME” мувофиқат мекунад.
Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аккредитатсияи байналмилалии  махсусгардонидашуда (барномавӣ) буда, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Агентӣ аз ҷумла дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Русия, Руминия, Узбекистон санҷишҳои байналмилалиро анҷом медиҳад.

Ёодовар мешавем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг  (HAAR / IAAR) – узви комилҳуқуқи шабакаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ва агентиҳои сифати таҳсилот: INQAAHE – Шабакаи байналмилалии агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ; CHEA/CIQG – Гурӯҳи байналмилалии сифат, Шурои аккредитатсияи таҳсилоти олӣ дар ИМА;  CEENQA – Шабакаи Агентиҳои таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ; APQN – Шабакаи таъмини сифат дар Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
Агентӣ  намояндагии худро дар Иттиҳоди Аврупо дар Рига (Латвия) низ дорад.

Самтҳои асосии фаъолияти IAAR:
– аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва махсуси (барномаи) таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ, таҳсилоти техникӣ, касбӣ ва иловагӣ, ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои байналмилалӣ;
– таҳияи стандартҳо ва роҳнамо оид ба таъмини сифати таҳсилот мутобиқи стандартҳо ва дастурҳои байналмилалӣ;
-тарғиб намудани таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба таъмини сифат дар фаъолияти ташкилотҳои таълимӣ;
– тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи таъмини сифат. Иштирок дар тадқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ;
– ташкил ва гузаронидани конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ;
– таҳияи нашрияҳои илмӣ, методӣ ва иттилоотӣ;
– таҳсилоти рейтингӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ.

Қобили қайд аст, ки дар соли 2019 миёни Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расидааст.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешқадами таҳсилоти олии ватанӣ дар партови дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба такмили ихтисосҳо ва баланд бардоштани  сифати таълим иқдом намуд ва соҳиби мақоми ифтихорӣ гардид.