Бо ибтикори сиёсати дурбинона ва дирояти ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа муддатест, ки озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. Имрӯз (25.04.2022) бо иштироки ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён даври донишгоҳии озмуни мазкур оғоз шуд.
Зимнан гуфта шуд, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни мазкур дар номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок менамояд. Дар даври мазкур 180 нафар иштирок менамоянд.