ДУРАХШОНТАРИН РӮЗИ ТАЪРИХ

752

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

 Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.

16-уми ноябр барои миллати тоҷик аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ин рӯз бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир доранд. Чунончи дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кордарории нахустин чархаи НБО-И Роғун рост меояд.

Воқеан, Иҷлосия дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин Иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси имрӯза бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд, ки он ҳама дастовардҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадаанд.

Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат шахси таърихӣ ва сарсупурдаи миллати тоҷик аст.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Зеро дар ин рӯз дар тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ сухан аз корномаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир сина сипар созем.

Рӯзи Президент муборак устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!