ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ НАМУНА БУД…

384

Дар донишгоҳ факултети молиявию иқтисодӣ бо нерӯи илмии худ назаррас аст ва бояд чунин намуна монад. Танҳо баъзе камбудиҳое ҳаст, ки ба рушди факултет монеа мешаванд.Ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони факултети мазкур ироа намуд.

Дар вохӯрӣ коллективи кафедраи умумдонишгоҳи назарияи иқтисодӣ низ иштирок доштанд. Дар рӯзномаи ҷаласа мушкилиҳои сохторҳои марбутаи факултет, махсусан он масъалаҳое, ки дар ҷараёни таълим, илм, тарбия, равобити байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ дида мешуданд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар самти ҳуҷҷатгузории раванди таълим, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, баргузории чорабиниҳои илмию амалӣ, омода намудани донишҷўён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, худдорӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва дарёфти грантҳо корро ҷиддӣ ба роҳ монд ва факултети намунавиро аз пештара бештар назаррас нишон дод.