ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ: БЕШ АЗ ПЕШ КАМАРИ ҲИММАТ БОЯД БАСТ

1160

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ масъалаҳои муҳимми илму таълим ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ назорати ҷиддии низоми таълиму тарбия, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз ва дарёфти грантҳою ташкилотҳои маблағгузорро вазифаи аввалиндараҷа дар фаъолияти устодону кормандони факултет унвон намуданд.

Таъкид шуд, ки факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз факултетҳои шинохтаи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, рафти коргузорӣ дар факултет масъулияти баландро талаб мекунад.

«Дар факултет теъдоди донишҷӯён зиёд аст. Раванди таълиму тарбия назорати доимиро талаб мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён, ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ, вазъи таҷрибаомӯзӣ, баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ ва инфиродӣ, саволномаҳои тестӣ, барномаҳои таълимӣ, рушди равобити байналмилалӣ ва ғайра дар факултет мушкилиҳо дида мешавад. Вақти он расидааст, ки садорат, мудирони кафедраҳо ва намояндагони сохторҳои ҷамъиятии факултет ба низоми коргузории хеш пурра бознигарӣ намуда, беш аз пеш дар самти рушди факултет камари ҳиммат бибанданд»- таъкид шуд дар вохӯрӣ.

Дар интиҳои вохӯрӣ декани факултет Раҳмон Д.С. дар самти бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта суханронӣ карда, Ректори донишгоҳро ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ ва кумакҳои рӯзафзунаш бо «Сипоснома»-и факултет қадрдонӣ намуд.