ФАЪОЛИЯТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ҶУМҲУРӢ

902

Имрӯз (06.10.2022) дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Рушди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимони соҳа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону унвонҷӯён, ҳамзамон, сардори  раёсати илми донишгоҳ Наботӣ Р. иштирок намуданд. 

Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қурбонализода Н.Ш.  зимни суханронии худ доир ба аҳамият ва зарурияти мавзӯи нишаст суханронӣ намуда, ба кори ҳамоиши илмии сатҳи баланд комёбиҳо таманно намуд.

Мавсуф зикр кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунандаи тақдири фардои миллати тоҷик гардид. Ин Иҷлосия бо талошу заҳматҳои шахсияти баруманди миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз намуда, масъалаи аввале, ки мавриди барассӣ қарор гирифт, сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Бояд иброз дошт, ки Иҷлосияи мазкур дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд оварда,  дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозид.  

Сипас Бобоҷонзода И.Ҳ. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба «Саҳми қонунгузории мурофиавӣ дар пешрафти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», Раҳмадҷонзода Р.Р. –  номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм оид ба «Зарурати таҳия ва қабул намудани консепсияи рушди қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Нуриддинов С. – раиси иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Масъалаҳои мубрами фаъолияти адвокатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ», Шарифзода Н.М. – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба «Нақши АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар татбиқи сиёсати зидди мухаддаротии ҶТ дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ», Мирзамонзода Х.М. – профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ доир ба «Проблемаҳои мубрами мукаммалгардонии ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Давлатзода К.Д. – дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиноси ДМТ  оид ба «Нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди киберҷиноятҳо»,  ва дигарон марӯза намуданд.

Дар охир тавсияҳо ва пешниҳодҳои судманд ҷиҳати такмили қонунгузории кишвар дар соҳаҳои мухталиф ба миён гузошта шуданд.