ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ДОИРАИ ТАЛАБОТИ НАВ

508

Имрӯз (23.12.2012) баъд аз омӯзиш ва масъалагузориҳои фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА -003 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –и доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050800 – баҳисобгирӣ ва аудит, 6D050900 – молия ва 6D051200-омор, ки дар назди Донишгоҳи миллӣ амал мукунад, тибқи талаботи нав ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар ҷаласаи аввал муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадзода С.М. иштирок намуда, дар фаъолияти Шӯро ва пешрафти илму истеҳсолот барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки минбаъд шӯроҳои диссертатсионӣ дар асоси дастурамал ва низомномаи нави КОА амал намуда, дар сурати ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои муайяншуда рисола бозпас гардонида мешавад. Гуфта шуд, ки тибқи дастурамали нав дар як саҳифаи кори илмӣ агар се ғалати техникӣ дида шавад, рисола қабул намешавад. «Рисолаи номзадӣ дар ҳаҷми 120-150 саҳифа ва рисолаи докторӣ 250-300 саҳифа бояд навишта шавад. Роҳбари илмӣ дар як вақт наметавонад ба панҷ нафар муҳаққиқ роҳбарӣ кунад»- гуфта шуд дар ҷаласа.

Дар рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои ташкилӣ ва муайян намудани комиссияҳо аз рӯйи ихтисосҳо ва қабули диссертатсияҳо барои таъйин намудани экспертҳои Шӯрои диссертатсионӣ баррасӣ шуданд.