Имрӯз (19.03.2022) дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Насими баҳорӣ, фазои идонаи донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид.
Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳои донишгоҳ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳи намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии устодону донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии ҷашнии онҳо баҳои баланд доданд. Дар идомаи чорабинӣ ректори донишгоҳ ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад.
Сипас барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ хотири тамошобинонро шод намуд, ки дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳунармандону ҳунарпешагони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Афзалшо Шодӣ, Давлат Назрӣ, Зулайхо Мамадшоева, Фирдавси Ҳошим, Манижаи Сабо, Мино ва Ҳасан Чилаев ҳунарнамоӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ин иди миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шуд, ки аз натиҷаи онҳо иттилоъ хоҳем дод.