Форуми VI донишҷӯёни Осиё «Тоҷикистон-Осиё-2019»

810

Рӯзҳои 24-26-уми октябри солӣ ҷорӣ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми VI донишҷӯёни Осиё «Тоҷикистон-Осиё-2019» баргузор гардид. Тибқи маълумоти масъулони ин чорабинӣ  намояндагони 52 донишгоҳу донишкада ва сохторҳои илмию таълимӣ (донишҷӯён, магистрон ва докторантони P.hD) аз ҳафт давлат, аз қабили Русия, Чин, Қазоқистон, Қирѓизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд, ки шумораашон ба 78 нафар мерасид.

Сараввал масъулони донишгоҳ дар партави эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳайати меҳмононро ба ҷойҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, аз ҷумла ба Боѓи ба номи устод А. Рӯдакӣ, Китобхонаи миллӣ, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ бурда, ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ошно намуданд.

Ифтитоҳи форум санаи 25-уми октябр дар толори калони ДМТ доир шуд, ки дар он Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семенович, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Р., муовини ректори Донишгоҳи давлатии Алтай оид ба робитаҳои байналмилалӣ Райкин Р.И., намояндаи Маркази илмию фарҳангии Русия дар ҶТ Вождаев М.В. ва ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. иштироку суханронӣ карданд.

«Дар замони ҷаҳонишавӣ мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонон барои рушд бахшидани муносибатҳои дипломатӣ хеле муҳим аст. Лозим медонем, ки дар доираи имконият дар баробари чунин чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣтаҷлили солгардҳои ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷой дода шавад. Зеро таҷлили чунин ҷашнҳо ваҳдати байналмилалиро мустаҳкам менамояду ҷавононро бо таъриху фарҳанг ошно месозад ва ҳисси ватандӯстии онҳоро ба қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат бештар мегардонад»-изҳор дошт Лякин-Фролов Игор Семенович.             Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Алтай оид ба робитаҳои байналмилалӣ Райкин Р.И. зимни суханронӣ афзуд, ки «Форум имконият фароҳам меорад, ки байни ҷавонон  дӯстӣ эҷод гардад, ки ин дар оянда барои ташаккули ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ саҳим хоҳад буд. Илова бар ин, гурӯҳи иштирокчиёни форум дар фаъолияти корӣ метавонанд аз таҷрибаи якдигар истифода бурдаву дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак саҳмгузор бошанд».

Дар идомаи нишаст бахши фарҳангии форум доир гардид, ки дар он донишҷӯёни иштирокчӣ, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Алтай ва ансамбли халқии «Наврӯз»-и ДМТ барномаи рангинеро ба намоиш гузоштанд. Бахши илмии форум бошад, тибқи нақша дар факултетҳои филологияи тоҷик, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва биология баргузор шуд.

Дар рафти нишастҳои илмӣ, ки аз бахшҳои “Таҳсил – бидуни марз”, “Пешрафти илм”, “Муколамаи фарҳангӣ”, “Пешвои асри 21” ва “Лоиҳаи иҷтимоӣ дар муҳити ҷавонон” иборат буд, ҷавонон-донишҷӯён дар мавзӯъҳои вобаста ба бахшҳо (таълим, илм, фарҳанг, иҷтимоӣ ва сиёсат) маърузаҳо намуда, ҷиҳати беҳтар гаштани фаъолияти ҷавонон андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.

Пас аз ҷамъбасти бахши илмии форум дар Литсейи донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ – иборат аз хондани шеъру суруд, футбол, волейбол, бандкашӣ, расмкашӣ ва намоиши хони миллӣ доир гардид, ки  хеле ҷолибу хотирмон буд.

Санаи 26-уми октябр бошад, дар партави форум ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё баргузор гардид ва ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё чанд донишгоҳи нав, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Ош (Қирѓизистон) ва Донишгоҳи миллии тадқиқоти Политехникии Перм қабул шуданд. Ѓайр аз он, донишгоҳҳои кишварҳое, ки қаблан шомили Академияи адвакатураи Украина (ААУ) набуданд, тасмим гирифтанд, ки ба ААУ дохил шаванд, ки муассисаҳои таҳсилоти зерин дар ин шумор буданд: 4 донишгоҳи Ӯзбекистон – Донишгоҳи давлатии Термез, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Бухоро ва филиали Академияи тиббии Тошканд, инчунин, 4 донишгоҳи Афѓонистон – Донишгоҳи Бадахшон, Донишгоҳи Балх, Донишгоҳи Тахор ва Донишгоҳи Қундуз.             Дар ҷамъбасти Форуми IV донишҷӯёни Осиё Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё «Тоҷикистон – Осиё 2019», ректори ДМТ, Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё Имомзода М.С. чанде аз  иштирокчиёни форумро бо  “Ифтихорнома”-и ДМТ қадрдонӣ намуд.

“Мо шоҳиди он гаштем, ки ҷавонон-донишҷӯён дар рушди муносибатҳои байналхалқӣ баҳри таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Итминон дорам, ки Форуми донишҷӯёни Осиё ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии ҳамаи донишгоҳҳои узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё таъсири мусбӣ мерасонад”- афзуд Имомзода М. С..             Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони ин форум Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, Донишгоҳи давлатии Алтай, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати илм ва маълумоти олии Федератсияи Русия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмию фарҳангии Русия мебошанд. Форумҳои қаблӣ бошад, дар Алтай (2014-2016) ва Қирѓизистон  (2015) баргузор шуда буд.