Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо соҳиб гаштани 11 ҷойи намоён миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Бо ибтикори сиёсати дурбинона ва дирояти ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил карда шуд ва тӯли ду сол мешавад, ки баргузор мегардад. Озмуни мазкур барои ҳадафҳои манфиатбахши давлату ҳукумат саривақтӣ буда, дар пиёдасозии онҳо нақши калидӣ мебозад. Маҳз ба ҳамин васила шавқи китобхонӣ ва ошно гардидани хонандагон ба ҳаёт ва эҷодиёти гузаштаву имрӯзаи аҳли адаб бедор мешавад.
Муддати ду сол мешавад, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар номинатсияҳои гуногуни озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Имсол озмун аз рӯйи 5 номинатсия – хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.
Дастаи донишҷӯёни донишгоҳ дар давраҳои донишгоҳӣ ва шаҳрӣ ғолиб баромада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва дар даври навбатӣ фаъолона иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Рӯзи 18.12.2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки ғолибон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бошад аз рӯйи чор наминатсия иштирок намуда, сазовори 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм гардиданд.
ҶОЙИ АВВАЛ:
1. Сарвиноз Саидова–донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рӯйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик);
2. Шероз Бобохонов–донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рӯйи номинатсияи 2-юм (хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик);
3.Фарзона Восиева – донишҷӯи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рӯйи номинатсияи 3-юм (хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик);
4.Шабнам Одинаева – донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз рӯйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон).
ҶОЙИ ДУЮМ:
1.Дилфуза Аҳмадҷонова – донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рӯйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
2.Гулафзо Пирова – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи номинатсияи 2-юм (хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик);
3. Самандарзода Парвина – донишҷӯи курси 2-юми факултети журналистика аз рӯйи номинатсияи 2-юм (хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик);
4.Сулаймони Аҳтам – магистранти соли 2-юми факултети филологияи тоҷик аз рӯйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик);
5.Султон Каримов – донишҷӯи курси 1-уми факултети журналистика аз рӯйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик);
6.Нодира Ханҷарова – донишҷӯи курси 4-уми факултети журналистика аз рӯйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон).
ҶОЙИ СЕЮМ:
1.Ёрмухамедова Шаҳло – донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик).
БО “ИФТИХОРНОМА”
1. Мадина Ҳаитова – донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз рӯйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
2. Шаҳзодахон Бурхонова – донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз рӯйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
3. Дилноза Бобомуродова – донишҷӯи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рӯйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
4. Сафарзода Моҳпочо – донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик аз рӯйи номинатсияи 5-ум (шоирӣ).
Шоистаи таъкид аст, ки озмуни имсола аз соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, номинатсияҳо ба се гурӯҳ – миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) ҷудо ва теъдоди ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун кори басо душвору пурмашаққат буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ дар озмун нисбат ба дигар иштирокчиён бо як тайёрии ҷиддӣ сафарбар гардида, ҳайати ҳакамонро дар ҳайрат гузоштанд. Дар ин бора сардори Раёсати илми донишгоҳ Наботӣ Р. иттилоъ дод: “Довталабони озмуни мазкур дар сатҳи факултет, давраҳои умумидонишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштироки фаъол дошта, дар даври ҷумҳуриявӣ ба омодагии ҷиддӣ ва таҷрибаи хуб маҳорату ҳунар, донишу истеъдоди худро манзури ҳакамон намуданд”.
Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллӣ бо соҳиб гардидани 11 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) аз рӯйи чор номинатсия миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва дигар муассисаву сохторҳои илмии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид.
Воқеан ҳам бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар самти хондани китобҳои илмию таълимӣ ва бадеӣ дар донишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз мо аз китобхонаҳои донишгоҳ метавонем фаровон истифода барем ва байти зерини шоир – Рустам Ваҳҳобзодаро шиори худ созем:
Фурӯғи коинот аз Офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.
Пас, хондани китоб барои ҳар инсон зарур ва ҳатмӣ буда, дунёи маънавии шахсро комил месозад.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳро барои ғолибияти навбатии донишҷӯёни донишгоҳ самимона табрик намуда, ба донишҷӯёни ғолиб саломатӣ ва дастовардҳои нав ба навро хоҳонанд.