ГУФТУШУНИДҲО – РОҲИ ҲАЛЛИ НИЗОЪҲОИ АФҒОНИСТОН

432

 Дар доираи баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷониби Тоҷикистон ба намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти ҳалли низоъҳои Афғонистон пешниҳодҳои судманд намуд. Тибқи маълумоти сомонаҳои расмӣ ҷониби Тоҷикистон ва Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон ба ифоқа расиданд. Ин пешниҳод аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҷониби Покистон – Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон хуб қабул намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдоранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. «Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. Пешвои миллат бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. «Сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки Тоҷикистон ва Покистон барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. «Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд. … ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад. …мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.

Шарифиён Ҷ.А.