
Бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тақвияти қобилияти роҳбарӣ ва густариши донишҳои сиёсиву иҷтимоии донишҷӯдухтарон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” роҳандозӣ мегардад. Дар курсҳои мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Мақсад ва муҳиммияти курс аз инҳо иборат аст: Тақвияти худшиносӣ ва эътимод ба худ, омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоӣ, тақвияти баробарии гендерӣ ва тарбия, ташаккули роҳбарони оянда ва ғайра.
Курс имконият медиҳад, ки донишҷӯдухтарон таҷриба, дониш ва малакаҳои роҳбариро дар муҳити таълимӣ дарёфт кунанд ва ба як насли пешбаранда ва фаъол табдил ёбанд.