ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ (СҲШ)

135

Санаи 10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур, ки сарони давлатҳои аъзо ва ҳамтоёни онҳо иштирок намуданд, муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти Созмон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Зимни баргузории Созмон ҷонибҳо қарор қабул намуданд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои тарафайн ва саҳм гузоштан дар таҳкими иқтисодиёт ва савдои давлатҳои аъзои Созмон Намоишгоҳи иқтисод ва савдои Чин-Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо дар заминаи Намоишгоҳи мазкур дар доираи иқдоми “Як камарбанд – як роҳ” ба роҳ монда шуда, дар заминаи он инкишофи ҳамлу нақли молу маҳсулот, туризм, савдои тарафайн, тиҷорат ва таъсиси Донишкада ба роҳ монда шавад.

Дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Чин, ки санаи 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз доштанд, ки мо ба оғози Донишкадаи иқтисод савдои Чин-Созмони Ҳамкории Шанхай ҳусни оғоз бахшидем. Бо ин мақсад дар шаҳри Чиндао сохтмони Донишкадаи иқтисод ва савдои Чин-Созмони Ҳамкории Шанхай оғоз ёфт ва санаи 22 январи соли 2022 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, аз моҳи сентябри соли 2023 расман ба фаъолият оғоз намуд.

Ин Донишкада муҳимтарин иқдоми Созмони мазкур буда, дар рушду такомули давлатҳои аъзо мусоидат намуда, барои омода намудани мутахассисон тавассути таболули омӯзгорону донишҷӯён саҳмгузор хоҳад буд. Ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Чин-Созмони Ҳамкории Шанхай дидан намуда, бо раёсати Донишкадаи навтаъсис табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки дар оянда имконияти дар ихтисосҳои мухталиф ба таҳсил фаро гирифтани довталабон ва барои такмили ихтисос фиристодани омӯзгорони Донишгоҳ шароити муфид фароҳам омадааст. Баъдан ҳайати Донишгоҳ аз Намоишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дидан намуданд, ки дар ин Намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ба савдо гузошта шудааст.