ХАТАРИ КОРРУПСИЯ БА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

172

Зуҳуроти коррупсионӣ ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди давлат таъсири манфӣ мегузорад.

Бо ин мақсад имрӯз (5.12.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишгоҳ дар якҷоягӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Хатари коррупсия ба иқтисоди миллӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия – 9 декабр баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултети молиявию иқтисодӣ Сафарбек Саъдуллозода оғоз намуда, зикр намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад.

Зимнан, сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия Шодком Турсунзода, ибрози андеша намуда, вобаста ба аҳамияти таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, оқибатҳои хисороти ин падидаи манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд.

Ҳамзамон, мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ, профессор Назаров Аваз сухан намуда, оид ба шарҳу тавзеҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Моҳият ва таъиноти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки масъалаҳои баррасишуда воқеан бозгӯйи касбияти кории масъулини соҳа буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии мутахассисони оянда, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмуъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамояд.