Хоҷазода Тоҳир Абдулло – ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия

1593

Имрӯз (06.03.2020) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Хоҷазода Тоҳир Абдулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия таъйин карда шуд.

Хоҷазода Т.А. аз соли 2017 ба ҳайси муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим фаъолият менамуд. Мавсуф доктори илмҳои физикаю математика, профессор мебошад.

Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод Хоҷазода Т.А.-ро бо таъйин шудан ба ин вазифа табрик гуфта, барояшон сиҳатмандиву сарбаландӣ ва фаъолияти пурсамар таманно доранд.