ХУШҲОЛИИ ЯТИМОНУ НИЁЗМАНДОН ВА ДӮСТРӮЯКОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

298

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем.

Ин иқтибос аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бардошта шудааст, ки имрӯз дар чорабинии фарҳангии солинавии ДМТ аз ҷониби ректори муҳтарам он, профессор Хушвахтзода Қ.Х. садо дод.

Раёсати Донишгоҳи миллӣ дар ҳошияи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тасмим гирифт, ки ба зиёда аз 130 нафар донишҷӯи ятиму маъюб ва ниёзманд туҳфаҳои хотиравию молиявӣ, инчунин, ба зумрае аз фарзандони кормандони донишгоҳ, ки дар чорабинӣ ширкат варзиданд, туҳфаҳои солинавӣ, тақдим намояд.

Зимни сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёнро ба муносибати соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки дастгирии ятимону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи вижаи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Гуфта шуд, ки дар рӯҳияи инсонпарварона тарбия намудани насли наврас ва дастгирии ниёзмандон яке аз самтҳои фаъолияти ин ё он сохтори илмию таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, беҳтарин амалҳои неки инсонӣ арзёбӣ мегардад.

Зимни супоридани туҳфаҳо чеҳраҳои донишҷӯёну дӯстрӯякон аз дидани чунин туҳфаҳо болида буд. Роҳбарият ва намояндагони донишгоҳ ба онҳо туҳфаҳо ва шириниҳои идонаро медоданду аз аҳволи онҳо мепурсиданд. Қисме бо чеҳраи хандон миннатдорӣ баён мекарданду қисме ашки шодӣ мерезонданд. Воқеан, хушҳол намудани ятимону ниёзмандон ва дӯстрӯякон дар арафаи соли нав иқдоми неку хотирмон мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ, ҳамзамон, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангиро пешниҳоди ҳозирин намуданд.