Имрӯз (06.03.2023) фазои Донишгоҳи миллӣ фасли зебои сол – баҳорро мемонд. Бонувони донишгоҳ, аз ҷумла устодону кормандон ва донишҷӯдухтарон бо либоси баҳорӣ Рӯзи модар – 8-уми мартро истиқбол мегирифтанд.
Бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба ин рӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Нахуст тариқи навор филмномае аз бузургии модар намоиш дода шуд. Модаре, ки фарзанди фарзона, қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таваллуд кардааст. Модари қаҳрамонофар, дунёи меҳру вафо…Баъдан иқдоми неке, ки роҳбарияти донишгоҳ барои қадршиносии модарон роҳандозӣ намуд, намоиш дода шуд. Васфи модар, қироати шеър, эҳтироми зан-модар…
Зимни тамошои навор эҳсос шуд, ки дар дунё муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар нест. Ӯ рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Сипас, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо самимияти хос ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфт.
Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, қайд намуд, ки “Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши арзишманд доранд. Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд”.
Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон суханронӣ намуда, чанде аз бонувони донишгоҳро бо ифтихорномаву симоснома ва медалҳои ҷашнии донишгоҳ ва сохторҳои болозикр қадрдонӣ намуданд.
Дар интиҳо барномаи фарҳангию фароғатии бошукӯҳи ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ҳамроҳ бо сарояндагони маҳбуби кишвар, аз қабили гурӯҳи «Шамс», Ситораи Кароматулло, Лоиқ Холов ва Мино пешкаши ҳозирин гардонида шуд.