ИҚДОМЕ, КИ ДАР ҶОМЕА ТАҲАВВУЛОТИ МАЪНАВӢ БА МИЁН ОВАРД

232

(Суҳбати Шарифзода Ҷавҳарӣ бо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” – Шоира Давлатзода)

Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли якум аст баргузор гардид, дар рушди тафаккури миллӣ ва дарки таъриху фарҳанги ниёгон зарур дониста шудааст. Дар Озмун беҳтаринҳо миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода низ яке аз ғолибон ва барандаи “Шоҳҷоиза”-и ин озмун гардид.

Бо ин мақсад мо суҳбате доштем бо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” Шоира Давлатзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

-Чӣ Шуморо водор намуд, ки ба озмуни “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” рӯ овардед?

-Воқеан, имрӯз ҷомеаи моро таввасути баргузории озмунҳое, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардида истодааст, таҳаввулоти маънавие фаро гирифтааст. Ин барои такмили андешаву мафкураи миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангие, ки ниёгони мо бунёд намудаанд, мусоидат менамояд.

Вақте амри Президенти кишварамон доир ба баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат ” моҳи июни соли 2023 ба тавсиб расид, аз ҳамон лаҳза нияти дар ин озмун иштирок карданро дар пеши худ мақсад гузоштам. Маҳз мароқи зиёд доштанам ба омӯзиши таърих ва роҳнамоии устодони факултетамон ин азми маро қавӣ гардонд ва дар даври факултавииозмун иштирок намуда, ба даври умумидонишгоҳӣроҳ ёфтам. Баъди он, ки дар даври умумиидонишгоҳӣ сазовори ҷои ифтихорӣ гаштам, кӯшиш намудам, ки ба даври ноҳиявии он таёрии ҷиддӣ бинам. Маҳз дар ҳамин давра фазои муносибе, ки бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. фароҳам оварда шуд, барои мо иштирокчиёни озмун замина гузошт то мо ҳамаҷиҳата омодаи рақобат дар озмун бигардем. Ҳамин дастгириҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки дар се даври озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштам ва хушбахтона дар даври ниҳоии он барандаи Шоҳҷоизаи озмун миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гардидам.

-Шумо аз синни чандсолагӣ ба омӯхтани илми таърих рӯ овардед?

-Ҳанӯз аз овони мактабхонӣба фанҳои забон, адабиёт ва таърих шавқу рағбати хоссае доштам ва пайваста мутолиаи асарҳои бадеӣ, бахусус романҳои таърихиро меписандидам. Ҳамон замонҳо бо тавсияи модарамповести “Ривояти суғдӣ”, романҳои таърихии”Восеъ”, “Фирдавсӣ”- и Сотим Улуғзода ва очеркҳои таърихии”Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” “Исёни Муқаннаъ” ва чандин асарҳои дигари таърихиро мутолиа намуда будам. Маҳз мутолиаи ҳамин асарҳо мароқи маро нисбат ба илми таърих зиёд намуд ва баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи Квотаи Президентӣ ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Айни ҳол кӯшиш мекунам то дар идомаи таҳсил ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърих ҷиддитар машғул шавам ва дар омӯзиши таърихи халқи хешсаҳмгузор бошам.

-Зимни баромад, шуморо дар назди доварон чӣ гуна эҳсос фаромегирифт?

-Дар даври ниҳоии озмун барои иштирокчиён 70% саволҳо тариқиэлектронӣ, ки он аз 8 савол аз давраҳои гуногуни таърих, 1 савол аз ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва аз 1 расми таърихӣ иборат буд, танҳо30% саволҳо аз ҷониби ҳакамонпешниҳодмешуд. Мо ба ҳама саволҳо шифоҳӣ ҷавоб мегардондем. Албатта даври ниҳоии озмун назар ба давраҳои дигарфарқкунанда вамушкил буд. Ҳангомипешниҳод намудани ҷавобҳо албатта касро ҳаяҷон фаромегирад, аммо вақте инсон ҳамаҷиҳата барои озмун омода бошад, аллакай дар вуҷудаш ба худ бовари пайдо мекунад. Ҳар саволе, ки аз ҷониби ҳакамон ё тарқи компютер ба ман пешниҳод шуд, кӯшиш кардам то ба пурагӣ ба онҳо ҷавоббигардонам.

-Оё саволҳое, ки аз ҷониби доварон дода мешуд, душвор набуд?

-Албатта озмун бе душворӣ намешавад. Илм низ мисли баҳре аст, ки барои омӯзиш ҳар чи қадар вақт сарф кунему кӯшиш намоем, кифоя нест. Саволҳое, ки дар озмун чи тариқи электронӣ ва чи аз ҷониби ҳакамонпешниҳод мешуданд,дар доираи низомномаи озмун сурат мегирифт.

Барои муваффақ гардидан дар ин озмун ба Шумо кӣкумак кард?

-Ҳанӯз аз оғози озмун бо супориши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳтарам Хушвахтзода Қ.Х. дар факултети таърих ситоди озмуни ҷумҳуриявии””Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” кушода шуд, ки дар он тамоми қарорҳобахусус низомномаи озмун ва китобҳои лозима гирд оварда шудаанд ва дар ҳамин ситод ҳафтае чаҳор маротиба устодон ба мо дар доираи саволҳоинизомнома дарс мегузаштанд. Маҳз ҳаминдастгириҳои пайвастаи ректори донишгоҳ ва роҳнамоиидекани факултет, профессор, Шарифов Раҳмоналӣ ки дар ин озмун роҳбарибанда буданд,барои муваффақгардиданам дар ин озмун кумаки аввалиндараҷа гузошт.

Зимнан боварии падару модарам, раҳнамоии устодонам ва дастгирии дӯстонам ҳамаша бароям ангезаест, ки маро водор ба бардоштани гомҳои устуворона ба сӯи ояндаи дурахшон месозад. Бузургтарин мувафаққияти мо-инсонҳо ин боварӣ ба худамон аст.

-Ҳангоми натиҷаи озмун, ки Шумо дар он миёни донишҷӯён “Шоҳҷоиза”-ро ба даст овардед, чӣ эҳсос доштед?

-Дар даври ниҳоӣ миёнидонишҷӯён ҳамагӣ28-нафар довталаб буд ва ман 25-умин иштирокчӣ будам, ки баромад кардам. Алакай баъд аз баромадам миёни худи довталабон худбаҳодиҳӣ сурат мегирифт ва ҳар яки онҳо маро дар ин миён якум ё дуюм нафармегузоштанд. Вале вақте, ки натиҷаҳо эълон шуданд, хушҳолиям ҳад надошт ва бори дигар исботам гашт, ки агар инсон ҳақиқатан ҳам талошварзад ва барои ба мақсад расидан ҳамаҷиҳата кӯшиш намояд, ҳатман подошашро хоҳад гирифт.

Ба андешаи Шумо ба ҷуз аз баргузории озмунҳо миёни ҷавонон боз бо кадом роҳҳо метавон китобхониро таблиғ кард?

-Воқеъан имрӯз ҷомеаи моро тавассути баргузории озмунҳое, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта истодааст, таҳаввулоти маънавие фаро гирифтааст, ки ин барои такмили андешаву мафкураи миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангие, ки ниёгони мо бунёд намудаанд, дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ба ҷуз аз ин озмунҳо маҳз ташкилу баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, шароити мусоиди таҳсил ва таблиғи афкору андешаи созандаи абармардони илму адаб, имрӯз майлу хоҳиши ҷавононро ба китобхонӣ зиёд месозад. Вале бояд ба инобат гирифт, ки нақши асосиро дар бештар рӯ овардани ҷомеъаи кишварамон ба китобу китобхонӣ маҳз ҳамин озмунҳо мегузоранд, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Сарвари давлатамон баргузор гардида истодаанд.

-Чор соли таҳсил дар риштаи таърих барои ғолибияти шумо то чӣ ҳад мусоидат кард?

-Албатта, низомномаи озмуни ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ва саволҳое, ки маҳз дар Низомнома пешниҳод намуда буданд, барои мо, ки дар риштаи таърих таҳсил менамоем, бегона набуд. Баъзе мавзуъҳо ва саволҳои онро мо азбар намуда будем. Аммо талаботи озмун моро водор кард, ки дубора саҳифаҳои таърихи миллати тоҷикро варақгардон кунем ва ҳамон масъалаҳое, ки то имрӯз ба дараҷаи зарурӣ омӯхта нашуда буданд, омӯзем.

Таҳсил намудан дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имконият дод, ки аз таърихи гузаштаи миллати тоҷик ба пуррагӣ огоҳӣ пайдо кунем ва ин озмуне, ки имрӯз бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат, ба ифтихори 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, барои мо як таҳаввулоти наве буд, ки дубора саҳифаҳои таърихи миллатро рӯгардон кунем ва рӯшании онро эҳсос намуда, дар вуҷуди хеш як машъалеро фурӯзон намоем.

-Шумо дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки бо иштироки Пешвои миллат баргузор гардид, суханронӣ намудед. Дар ин асно бо Роҳбари давлат суҳбати сарироҳӣ низдоштед…

-Боиси хушбахтист, ки ман бо намояндагӣ аз тамоми иштрокчиёни ин озмун ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза дар ин Симпозиум суханронӣ намудам. Ҳангоми ҷамъбастСарвари давлатамон маро бари дигар барои пирӯзгаштанам таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки ҳатман дар риштаи таърих таҳсилро идома диҳамва қайдкарданд, ки “Ман ҳатмандастгирӣ мекунам, пайгирӣмекунам, ҳатманбаъди хатми донишгоҳдар зинаи магистратура таҳсил кун. Тоҷикистон бамуаррихони ҷавонудорои андешаи созанда эҳтиёҷ дорад”.

-Нақши озмуни мазкурро чӣ гуна баён мекунед?

-Ин озмун моро ба қаъри асрҳо, ба таърихи ҷоннисориҳову сарфарозиҳо ва муборизаҳои ватандӯстонаи абармардону ҳомиёни ин марзу бум раҳнамун сохт. Ин барои қавӣ гардонидани иродаи ҷавонон дар ростои ба амал овардани ҳадафҳои миллии кишвар саҳм хоҳад гузошт.

-Ташаккур барои суҳбат.

Саломат бошед!