ИҚДОМИ НЕК ЗИМНИ ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ДОНИШГОҲ

439

Имрӯз (09.06.2022) баъди ба истифода додани бинои хобгоҳи хизматӣ барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои навбунёди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ дар заминаи барномаи фарҳангии маҷмӯи чорабиниҳои мазкур аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 100 нафар ятимони кулл ва маъюбони дар донишгоҳ таҳсилкунанда кумакпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Тавре таъкид гардид, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои нигоҳубин, ба таҳсил фаро гирифтан ва соҳибшуғл намудани онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад ва дар пайрави ба ин иқдом аз ҷониби роҳбарони сохторҳои мухталифи кишвар корҳои назаррас амалӣ мешаванд.