ИҚДОМИ НЕКИ “ОРИЁНБОНК”

646

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк” дар доираи дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо, инчунин, ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаҳои донишгоҳҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар он факултетҳои иқтисодӣ амал мекунанд, китобҳои таълимӣ пешкаш намуд.

Намояндагони ҶСК «Ориёнбонк» чанд нусхаи китоби дарсии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода “Муомилоти пулӣ ва қарз”-ро ба роҳбарияти донишгоҳҳо тақдим намуданд.

 Зимни супоридани китобҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ин иқдоми пешгирифтаи «Ориёнбонк»-ро барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён саривақтӣ арзёбӣ намуд.