ИДИ КАСБИИ ГЕОЛОГҲО – 9-УМИ ДЕКАБР МУБОРАК!

119

Имрӯз соҳаи геология дар мамлакат рушд дорад ва давра ба давра ба дастовардҳои назарррас ноил мегардад. Имрӯз 9-уми декабр – Иди касбии геологҳо.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Роҳбарияти олии кишвар ва кӯшиши кормандони соҳаи геология анъанаҳои шуҳратманди худ – кор кардан баҳри манфиати ояндаро нигоҳ дошта, бо қадамҳои устувор соҳа сол то сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои рушди соҳа ва зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ тадбирҳои зиёд андешиданд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳа зиёд гардида, ба иншооти иктишофӣ-геологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуданд. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти геология бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ барои бурдани корҳои иктишофию геологӣ ва истихроҷи конҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монд. Ҷалби сармояҳо ба соҳа имкон доданд, ки дар объектҳои муайян корҳои иктишофӣ-геологӣ тезонида шаванд ва маблағҳои буҷети давлатӣ барои бурдани корҳои ҷустуҷӯии минтақавӣ, ҳалли масъалаҳои илмии геологияи ҷумҳурӣ равона гарданд.

Дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузошташуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ва “Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026”-ро тасдиқ намуд. Барои амалӣ намудани бандҳои ин барномаҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдлор як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд.

Соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба мутахассисони касбҳои гуногуни ҳам дорои таҳсилоти олӣ ва ҳам миёнаи махсус эҳтиёҷ дорад. Дар ҷумҳурӣ тайёр кардани мутахассисони соҳаи геология дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок бо усулҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, амалиёти маркшейдерӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва геологӣ-иктишофӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва геофизика ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки: «Ояндаи миллат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад. Бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб, аз ҷумла мутахассисони соҳаи геология яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои олии мамлакат ба шумор меравад. Рушди ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат аз кадрҳои арзанда вобастагии зиёд дорад.