ИДОМАИ ИҶРОИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҶЕЪ БА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ МУҲАҚҚИҚОН ДАР СОЛИ 2026

132


Дар замони муосир рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бевосита ба пешрафти илм, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ вобастагии амиқ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ бо аҳли илм ва маориф пайваста ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ ва муаррифии илми ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» яке аз приснипҳои асосӣ ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузории соҳаи илм ва илму техника маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабри соли 2025 қайд карданд, ки «Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз, ман аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват менамоям, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд. Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад».

Дар баробари ин, Сарвари давлат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024 зикр намуданд, ки «ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад».

Бо дарназардошти дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040», эълон шудани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандон, ҳавасмандгардонии омӯзгорон барои машғул шудан ба фаъолияти илмӣ, ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, боло бурдани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандон ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз (08.01.2026) дар Шурои олимони Донишгоҳ қарор карда шуд, ки омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар соли 2026 ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар асоси қарори Шурои олимон омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ дар соли 2026 барои ҳимояи рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D) ба андозаи 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ ва рисолаи докторӣ ва ё доктор ҳабилитат ба андозаи 45 000 (чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандон барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба таҳкими иқтидори илмии Донишгоҳ, рушди мактабҳои илмӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сифати пажӯҳиш мусоидат менамояд.