ИФТИХОР АЗ ПОЙТАХТИ ГУЛБАДОМОНИ КИШВАР МЕКУНЕМ!

456

Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе

Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад, имрӯз (14.04.2023) дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз пойтахти гулбадомони кишвар роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид.

Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, кормандон, донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат”, бахши ҷавонону духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббию фарматсевтӣ, беш аз 100 варзишгар ва омӯзгорону толибилмони Литсейи донишгоҳ иштирок доштанд. Роҳпаймоӣ дар доираи иқдомҳои ташвиқотии роҳбарияти донишгоҳ сурат гирифта, тарроҳии он тарғибгари иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабли ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи обу иқлим ва сохта ба истифода додани неругоҳи бузург иборат буд.

Баъд аз роҳпаймоии осоишта дар саҳни бинои таълимии №11 чорабинии фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар оғоз, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба таҷлили Рӯзи пойтахт самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад.

Зимнан таъкид шуд, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.

«Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо оинҳои деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардидааст. Ҳастии ҳар як миллат ва ватан, бевосита дар қалби он, яъне пойтахташ нуҳуфтааст, ки дар баробари модар ва ватан азизу гиромӣ мебошад. Роҳпаймоии осоишта имрӯз ба муносибат “Рӯзи пойтахт” дар ДМТ низ як рамзи бисёр барҷастаи муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқу диёр аст»- таъкид намуд ректори донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки дар ин иқдоми ташвиқотӣ дастовардҳое, ки дар шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд ва ташаббусҳое, ки шаҳри Душанберо ба шаҳри гулҳо ва зебоӣ табдил додаанд, аз ҷумла «гулҳои Душанбе», ки бо рангорангиву тароват симои пойтахтро боз ҳам дилоротар мегардонанд, «Раванди оби Душанбе», ки ҳамчун платформаи пайгирӣ дар масъалаҳои ҷаҳонии об васеъ истифода мешавад, «занони ободкори пойтахт», ки бо заҳматҳо ва дастони обдкори худ тозагиву шукуфоии пойтахтро нигоҳ медоранд, «сокинони пойтахт», ки ифтихор аз пойтахти ободу осуда мекунанд, «озмунҳои шаҳрӣ», ки дар рушди зарфияти илмии наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ мегузоранд, «Маҷмааи Истиқлол», ки ба тозагӣ дар пойтахти кишвар ифтитоҳ ёфт ва маркази ҷалби сайёҳони хориҷӣ гардидааст, «ҷавонони фаъол», ки имрӯз қисмати зиёди аҳолии пойтахтро ташкил дода, дар рушди соҳаи маориф, варзиш, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо нақши бисёр муҳим гузошта истодаанд, аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун ифодаи ифтихору сарфарозӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар барномаи фарҳангӣ дар баробари ҳунармандони ансамбл, инчунин, сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Шабнами Тоҷикддин, Суруш Холов, Аминҷон Рӯзиев ва Хайриддини Шариф иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.