ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ ВА МАҶЛИСГОҲИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

286

(Туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлили Рӯзи Президент)

Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтару хубтар гардидани имкониятҳои илмию таълимӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои тозаро рӯйи даст мегирад. Иқдоми навбатӣ дар партави эълон шудани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” роҳандозӣ шудааст.

Бо мақсади дар амал татбиқ шудани бистсолаи мазкур имрӯз (09.11.2023) дар пояи кафедраи физикаи ҳастаи факултети физикаи ДМТ Озмоишгоҳи замонавии таълимии «Физикаи микроолам» ва дар факултет Маҷлисгоҳи барҳавои замонавӣ кушода шуд.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ ва маҷлисгоҳи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуда, қаблан аз намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимии факултет, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд. Зимнан гуфта шуд, ки Озмоишгоҳи «Физикаи микроолам» баҳри амалишавии ҳадафҳои бистсолаи мазкур иқдоми нек ва саривақтӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳ дар ҳудуди Тоҷикистон ягона буда, бо дастгоҳҳои таълимии сатҳи зарурӣ – воситаҳои техникӣ, электронӣ, аёнӣ ва мизу курсиҳои зарурӣ таъмин мебошад. Дар ин ҷой даҳ корҳои озмоишӣ бо тамоми маъводи зарурӣ омода буда, донишҷўён метавонанд аз омӯзиши онҳо оид ба рафтори зарраҳо дар микроолам маълумоти бештар пайдо намоянд.

Қобили қайд аст, ки корҳои озмоишӣ аз фанҳои «Физикаи атом», «Физикаи ҳаста», «Спектрометрияи ҳастаӣ», «Амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зист» ва «Дозаметрия» гузаронида мешаванд. Дар ин озмоишгоҳ донишҷўёни тамоми ихтисосҳои факултети физика машғулиятҳои амалӣ гузаронида метавонанд. Корҳои озмоишӣ бо дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ таъмин мебошанд, ки аз ҷониби устодони кафедра омода шудаанд. Дарсҳои амалиро дар ин самтҳои илми замонавӣ ва инноватсионӣ устодони ботаҷриба ва ҷавонони болаёқат пеш мебаранд.

Гуфта шуд, ки дар ин озмоишгоҳ донишҷўёни дигар факултетҳои ДМТ, ба мисли факултетҳои биология, химия, геология ва тиббӣ, инчунин, муҳассилини ихтисосҳои марбутаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ имкони шиносои пайдо намудан бо усулҳои замонавии ташхис ва таҳлили физикиро доранд. Ғайр аз ин, дар озмоишгоҳи навтаъсис оид ба ҳамтаъсироти афканишоти ҳастаӣ ва ионишофар бо моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ маълумот гирифтан мумкин аст, зеро озмоишгоҳ дорои манбаҳои афканишоти ҳастаӣ ба монанди манбаҳои нейтрон, гамма-афканишот ва электронҳо мебошад.

Зимнан гуфта шуд, ки кушода шудани Озмоишгоҳи «Физикаи микроолам» дар ҷодаи тарбия намудани ҷавонон дар роҳи истифода аз дастовардҳои илмҳои замонавӣ ва инноватсионӣ қадами устувор аст.

Ҳамзамон, рӯйдоди хотирмону таърихии дигар дар имрӯз ифтитоҳи Маҷлисгоҳи замонавӣ ва оғози фаъолияти камераҳои назоратии ҷараёни таълиму тарбия буд, ки гуфта шуд маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳои Шурои олимони факултет, ҷаласаҳои шуроҳои диссертатсионӣ ва дигар ҳамоишҳои илмию амалаӣ пешбинӣ шудааст. Камераҳои назоратӣ бошад дар самти беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбия судманд мебошад.

Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ бо роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ изҳор дошт, ки дар умум ифтитоҳи озмоишгоҳи муосири таълимӣ ва маҷлисгоҳи замонавӣ дар донишгоҳ баҳри устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастоварди назаррас ва туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 75- солагии донишгоҳ мебошад.