ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ТАЪЛИМИИ МУОСИР ДАР СОҲАИ ХИМИЯ

546

Имрӯз (07.02.2023) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи усули таълими химияи факултети химия Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза ва ҳаёти инсониятро бе рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои рушди тафаккури техникии насли наврас дар кишварамон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд. Дар ин муддат вобаста ба амали намудани бистсолаи мазкур якчанд Стратегияву барномаҳои муҳим қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Дар доираи ин бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети химия 2 озмоишгоҳи таълимии муосир дар соҳаи химия ва технологияи моддаҳои химиявӣ кушода шуд, ки онҳо аз маводу таҷҳизотҳои зерин иборат мебошанд: намунаи оксидҳо, намунаи кислотаҳо, намунаи намакҳо, намунаи асосҳо ва анҷомҳои лабораторӣ, яхдон барои нигоҳдории моддаҳо, колексияи минералҳо, микроскопҳои механикӣ ва электронӣ, намунаи металлҳо, масолеҳи пластикӣ, маҳсулотҳои нефтӣ, ҷинсҳои кӯҳӣ, пеашметр барои муайян намудани миқдори гидрогени таркиби маҳлулҳо, дастгоҳи дистилятор барои тақтири об, фотоколориметр барои муайян намудани консентратсияи моддаҳо, колбанагривател – дастгоҳ барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати маҳлулҳо, тарозуҳои техникӣ ва электронӣ барои муайян намудани вазни хоси моддаҳо, дастгоҳи электролизёр барои муайян намудани элктролитҳо, штативҳои металлӣ барои доштани колбаҳо ва пробиркаҳо, намунаи пластмассаҳо, намунаи маҳсулоти нафтӣ, намунаи маҳсулоти каучуи синтезӣ ва табиӣ (резинаҳо), таҷҳизотҳо: газометр, мензуркаҳо, скалянкаҳо ва ғайра.

Зимнан гуфта шуд, ки озмоишгоҳҳо бо техникаи муосир муҷаҳҳаз буда, устодон метавонанд дарсҳои озмоишии худро бе мушкилӣ гузаранд. Ҳамзамон, дар ин озмоишгоҳҳо магистрантон, унвонҷӯён ва докторантони Рh.D метавонанд корҳои илмӣ -таҳқиқотии худро ба роҳ монанд. Гуфта шуд, ки аз озмоишгоҳҳои мазкур донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ, фарматсевтӣ, биология, геология ва физика метавонанд истифода намоянд.

Гуфта шуд, ки озмоишгоҳи мазкур дар самти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва омода намудани довталабон дар ин самт мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, роҳбарияти донишгоҳ аз намоиши дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет, ки дар ду соли охир (дар партави бистсолаи мазкур) ба даст овардаанд, боздид намуд. Сипас дар робита ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба тасвибрасии Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур дар толори Шурои олимони донишгоҳ бо иштироки устодону кормандони факултетҳои равияи табиию риёзӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш иқдомҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва ташаббусҳои раёсати донишгоҳ дар самти рушди илмҳои табиию риёзӣ судманд арзёбӣ гардиданд.