ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ “КАМОЛИ СУХАН”

681

 Имрӯз (22.10.2020) дар факултети журналистикаи ДМТ синфхонаи таълимӣ – омӯзишии “Камоли сухан” ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов ифтитоҳ ёфт. Дар кушодашавии синфхона ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда, таъсиси синфхонаи “Камоли сухан”-ро иқдоми нек хонда, ба фарзандони устод Б. Камолиддинов изҳори сипос кард. Ба синфхонаи Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Б. Камолиддинов китобҳои бадеӣ, асарҳои илмиву публитсистии устод аз сӯйи фарзандонашон туҳфа карда шудааст.

Дар рафти кушодашавии синфхона фарзанди устод Манучеҳр Камолиддинов зикр намуд, ки сабти силсила барномаҳои таълимии телевизионии “Ҳусни баён” – и шодравон Б. Камолиддинов, ки тариқи телевизиони “Баҳористон” пахш мешуд, рӯзҳои наздик ба синфхонаи “Камоли сухан” дастрас карда мешавад.

Синфхонаи “Камоли сухан” ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов бо дастгирии Раёсати ДМТ, садорати факултети журналистика ва ҳиммати фарзандони устоди зиндаёд созмон дода шудаст.

Ҳамзамон, дар заминаи кушодашавии синфхонаи “Камоли сухан” ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов бо ибтикори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм Сафармамадзода С.М. ва дигар намояндагони соҳаи забоншиносии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.