ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ СОКИНОНИ САЙЁРА

40

(Бардошт аз суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ, 24.09.2021)

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибори бештаре пайдо кардааст. Воқеан ҳам дар равади соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон кишвари соҳиби мавқеи муҳими стратегӣ ва геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва чигуна мақомро дар минтақа ва ҷаҳон касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба он вобастааст, ки то кадом дараҷа сиёсати дурусти хориҷӣ амалӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳо ва пешниҳодоти Тоҷикистон, бахусус, дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон ва ғайра баёнгари мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди Президенти Тоҷикистон дар арсаи сиёсии олам мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи «дипломатияи об» ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб ба таври доимӣ дохил гардид. Дар ин самт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки он дар ҷараёни татбиқ қарор дорад. Албатта, ҳуқуқи истифодаи об ҳамчун сарвати табиӣ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ масъалаи глобалие буд, ки маҳз тавассути Пешвои миллати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз оғози асри нав зуҳури терроризми байналмилалӣ, дар заминаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба амал баровардани тарғибу ташвиқи ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароии динию сиёсӣ, ба вуҷудоии инқилобҳои ранга ва табадуллоти давлатӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва низоъҳои мусаллаҳона омилҳое мебошанд, ки суботи кишварҳои тозаистиқлолро халалдор намуда, дар самти ташаккули давлатдории миллии онҳо ба таври ҷиддӣ монеа эҷод менамоянд. Дар бисёр мавридҳо мушоҳида намудан мумкин аст, ки чунин равандҳо аз ҷониби як қатор давлатҳои манфиатдор барои амалӣ намудани ҳадафҳои геостратегии худ ва мустаҳкам кардани мавқеи геополитикии онҳо моҳирона истифода бурда шудаанд.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, бунёдгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, ки ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ҳамеша таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Мубориза алайҳи чунин хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, мавзӯъҳое мебошанд, ки ҳамеша дар гуфтушунидҳои роҳбарияти Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ ва ҳангоми ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ мавридӣ баҳсу баррасӣ қарор мегиранд. Албатта, мавқеи фаъоли Президенти кишвар ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст. Чуноне ки дар суханронии худ Пешвои миллат дар амалиёти «Марз-2021» иброз доштанд: “Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам. Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад”.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди роҳбарияти Тоҷикистон имрӯз ҳам ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ хоҳад монд. Хусусан, тайи рӯзҳои охир ҳаводисе, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба амал омада истодааст, бори дигар мавқеъи кишвари моро дар ин самт нишон дод. Баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар доираи 20-умин солгарди таъсисёбии СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаҳои сарони давлатҳои узви СААД гуфоҳи гуфтаҳои болост. Ҳамзамон, имрӯз (24.09.2021) Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, бори дигар пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро дар ҳалли қазия Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас намуданд. “Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар ин мавқеи хеш устувор хоҳем монд. Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад”.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамеша пешниҳоду идеяҳои созандаро дарбар мегиранд, на танҳо нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи олам дучанд менамояд, балки дар ҳифзи манфиатҳои сокинони сайёра нақши муҳим мебозад. Пас имрӯз ҳалли қазияи Афғонистон муҳимтарин пешниҳод дар самти ҳифзи манфиатҳои сокинони сайёра мебошад.

Одинаҳмад Саидов, ҷонишини декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ