ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

721

Имрӯз (23.04.2021) бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ миёни устодону кормандон ва донишҷӯён беш аз 7000 ниқоби якдафъаинаи тиббӣ тақсим гардид.

Иқдоми мазкур бо роҳбаладии муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар назди даромадгоҳи Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд. Ҳамзамон, намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ ва чанде аз муовинони декани факултетҳо оид ба тарбия ба сокинони шарҳи Душанбе (ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ) ниқоби якдафъаинаи тиббӣ тақсим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми нек дар дигар гӯшаҳои пойтахт идома дорад.