ҲИФЗИ СУБОТУ АМНИЯТИ КИШВАР МАРОМИ МОСТ

258

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии худ ба устодону донишҷӯн, ки дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода баргузор гардид, баён дошт.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар заминаи тамоюлҳои охири ҷаҳон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ зикр намуданд, ки терроризм ҷомеаи моро ба ташвиш оварда, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани ҷавонону духтарон, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, торафт бештар ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди ҷавону духтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯркӯрона буда, ифодагари бехабарӣ аз асли фарҳанг ва марифати тоҷикона мебошанд.

Зимнан зикр карда шуд, ки чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд.

Дар охир бораи пурзӯр намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, беҳтар намудани идеологияи солим, саҳми донишҷӯён дар корҳои ободию созандагӣ, донистани таърих ва тамаддуни миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ байни ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.