Имрӯз ватани азизи мо бо сулҳу субот пешрафт дорад. Мо намегузорем, ки бегонагон оромии кишвари моро халалдор созанд. Халқи мо бо фарҳанги волои хеш машҳури дунё гаштааст.
Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, дастовардҳои замони соҳиистиқлолӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як мост.
Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. бо ҳайати хатмкунандагони факултети тиббии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки замоне расидааст мо ватандӯстии худро дар амал нишон диҳем. Ояндаи неки Ватан, ободиву озодии он аз иқдомҳои бузурги мо вобастагӣ дорад, Бигзор, мо бо иродаи қафӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда, баҳри хизмат ба Ватан пешсафӣ нишон диҳем. Дар хотир гирем, ки ҳифзи ватан қарзи шаҳрвандии мост.