ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

545

Имрӯз ватани азизи мо бо сулҳу субот пешрафт дорад. Мо намегузорем, ки бегонагон оромии кишвари моро халалдор созанд. Халқи мо бо фарҳанги волои хеш машҳури дунё гаштааст.

Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, дастовардҳои замони соҳиистиқлолӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як мост.

Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ, профессор Собирзода Н.М. бо ҳайати хатмкунандагони факултетҳои иқтисодии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ мудири кафедраи ҳарбии донишгоҳ Назарзода Д. низ иштирок намуда, дар робита адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ маълумоти судманд дод.

Гуфта шуд, ки замоне расидааст мо ватандӯстии худро дар амал нишон диҳем. Ояндаи неки Ватан, ободиву озодии он аз иқдомҳои бузурги мо вобастагӣ дорад, Бигзор, мо бо иродаи қафӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда, баҳри хизмат ба Ватан пешсафӣ нишон диҳем. Дар хотир гирем, ки ҳифзи ватан қарзи шаҳрвандии мост.