ИЛМИ МАНТИҚ ВА НИЗОМИ ДОНИШҲОИ ФАЛСАФӢ

543

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллӣ маҳфили илмию назариявӣ дар мавзӯи «Таъиноти илми «мантиқ» дар низоми донишҳои фалсафӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил доктори илмҳои фалсафа, профессор, мантиқшинос Неъматулло Сайфуллоев, доктори илмҳои фалсафа, профессор Идибек Зиёев, ходтими пешбари илмии Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Абдуллохонов, директори мактаби байналмилалии Президентӣ Муҳибулло Зувайдуллозода ва дигар олимон ширкат варзиданд.

Маҳфилро мудири кафедраи мазкур Файзалӣ Аминов ифтитоҳ намуда, дар робита ба муҳим будани омӯзиши илми мантиқ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуд. Зимнан таъкид шуд, ки таҳлили мавзӯи мазкур саривақтӣ буда, баргузории маҳфилу семинарҳои назариявӣ сатҳи дониши устодонро баланд бардошта, имконияти худомӯзии онҳоро афзун менамояд.