ИМКОНИЯТИ ХУБ БАҲРИ ГУЗАШТАНИ СОАТҲОИ СИЁСӢ

315

Имрӯз дар заминаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” дар ташкилоти ибтидоии “Молиявию иқтисодӣ” дар ошёнаи якуми факултаи молиявию иқтисодӣ гушаи ҳизбӣ ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи он Раиси КИИ “Дониш”, ҳамзамон, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва аъзои фаъоли ҳизб ширкат намуданд. Гушаи ҳизбии мазкур ҷиҳати баргузории соатҳои сиёсӣ дар доираи ташкилоти ҳизбӣ роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ қабл аз ҳама шарҳу тавзеҳи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ миёни аъзои ташкилоти мазкур мебошад.

Қайд менамоём, ки дар ташкилотҳои дигари КИИ “Дониш” ҳам гушаҳои ҳизбӣ ташкил карда мешаванд. Дар КИИ “Дониш”-и ДМТ 25 ташкилоти ибтидоӣ дар заминаи факултаҳо ва зерсохторҳои Донишгоҳ фаъолият менамоянд.