
Дар доираи татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба баргузории «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Инноватсия, рақамикунонӣ ва ихтироот: роҳҳои нав барои рушди устувор» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии доктори илмҳои химия, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди илму технология афзун гардида, баҳри наврасону ҷавонон дар ин самт иқдомҳои тоза роҳандозӣ шудааст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳо ва ҷаласаҳои хоса ба рушди илму инноватсия таваҷҷуҳӣ аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Ҷавонони ватандӯсти кишвар қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буда, минбаъд бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.

Дар рафти ҳамоиш мавзуҳои мубрами замони муосир, аз қабили “Равандҳои инноватсионӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот”, сухангӯ – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идора Раҳмонов Ҷалолиддин ва “IT-технология ва зеҳни сунъӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисод ва ҷомеаи муосир”, сухангӯ – муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотию иртиботии факултети механикаю математика Пиров Сайдалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур мусоидат ба густариши донишу малакаҳои наврасону ҷавонон дар самти инноватсия, рақамикунонӣ ва ихтироъкорӣ мебошад. Чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавон шароит фароҳам оварда, неруи онҳоро барои пешрафти соҳаҳои илм, технология ва тиҷорати рақамӣ қавитар мегардонад. Ҳамоиш фазои мусоид барои мубодилаи афкор, муаррифии идеяҳои нав ва пайдо намудани роҳҳои самараноки рушди устувори ҷомеа фароҳам овард.