Иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ

677

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик – Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Дар тӯли бист соли охир доир гардидани ҷашнҳои солгарди Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқамон аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо боло бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Ҳукумати мамлакат оид ба таҷлили санаи таърихӣ аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО дастгирӣ ёфт ва ин ҷашнро дар баробари мо ҷомеаи илмиву фарҳангии бисёр кишварҳои олам таҷлил мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ҳар яки моро зарур аст, то осори ин абармардро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Таъкид гардид, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост. Ӯ беш аз ҳазор ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштааст.

Камол дар ғазалҳояш, пеш аз ҳама, ишқро тараннум карда, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба суди пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват мекунад.

Ба хотири омӯзиши пурраи ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти шоир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳо, “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илмро дар самти ҷаъоварӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир ва андешидани тадбирҳои иловагӣ вазифадор карданд.

Президенти мамлакат вобаста ба тарғибу ташвиқи асарҳои тарбиявии шоирони классик ва муосир зарур шумурданд, ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ, балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бояд ба роҳ монда шавад.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ барору муваффақият орзу карданд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли зиё, меҳмонон аз хориҷи кишвар ва фаъолони вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукуҳ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.

Нахуст ба самъи ҳозирин табрикоти видеоии Директори генералии Юнеско хонум Одрӣ Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бини Муҳаммад ал Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ бошукуҳ таҷлил кардани ҷашни 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ пешкаш гардид.

Хонум Одрӣ Озуле ва Салим бини Муҳаммад ал Малик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси ҷаҳонии ба оламиён муаррифӣ кардани фарҳанги оламшумули миллати тоҷик ва гиромидошту арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихии халқи тоҷик бахусус шоир Камоли Хуҷандӣ баҳои баланд дода, мардуми кишварро бо таҷлили 700-солагии нобиғаи шарқ табрику таҳният гуфтанд.

Дар барномаи фарҳангии ин чорабинӣ суруду таронаҳои дилнишин аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ пешкаши меҳмонон карда шуд.