ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

542

Имрӯзҳо донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ иштироки фаъол намуда, аз ҷониби мақомоти дахлдор бо сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз мегарданд. Тавре аз бахши тарбияи донишгоҳ хабар доданд, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ иштирокчии фаъоли онҳо мебошанд.

Имрӯз (10.04.2021) ҷиҳати татбиқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд. Дар озмун дастаи донишҷӯдухтарони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ дар боғи Аҳмади Дониш аксияи «Тоҷикона мепӯшем» доир гардид. Донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо масъулини бахши тарбияи донишгоҳ дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзиданд.

Илова бар ин, бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти унвони «Саломатии ҷавонон – саломатии миллат» ҳафтаи солимгардонӣ доир гардид, ки дар ин чорабинӣ беш аз 50 нафар донишҷӯписарон иштирок доштанд.