ИШТИРОКИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ “НАВРӮЗ – МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ”

218

Имрӯз дар боғи Ирами шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали “Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” доир гардид.

Дар Фестивали имрӯза намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилотҳои муқимии шаҳри Душанбе, муҳаққиқону коршиносон, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳру ноҳияҳи тобеи ҷумзурӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Боиси сарбаландии мардуми мамлакат аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.

Зимни суханрониҳои худ масъулин таъкид доштанд, ки Фестивали мазкур бо мақсади муаррифӣ, тарғибу ташвиқ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, бахусус расму анъанаҳои мардумӣ, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, либоси миллӣ, таомҳо ва хӯришҳои миллӣ соли шашум аст, ки дар кишвар багузор карда шуда, дар ин замина Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ ба гардишгарону меҳмонон муаррифӣ карда мешад.

Дар Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аз ҷумла хӯрокҳои хоси наврӯзӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ пешниҳод карда шуд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар Фестивали мазкур Парки технологии Донишгоҳ, кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодӣ, инчунин, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Донишгоҳ муаррифӣ намудаанд.

Меҳмонони хориҷӣ ва иштирокдорони Фестивали “Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” аз маҳсулотҳои Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дастовардҳои илмӣ, сайёҳӣ ва варзишии Донишгоҳ дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд ва ба гӯшаи дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногун хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда, дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро шод гардониданд.

Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он баҳри боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бойи қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.