ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР XIII ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ ҶАВОНОНИ АВРУОСИЁ

334

Аз санаи 25.04.2023 то имрӯз (27.04.2023) намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирзода Ф.А. дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки таҳти унвони “Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеиятҳои нав” дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар чорабинии мазкур 11 ҳазор нафар аз намояндагони 44 кишвар, аз ҷумла Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Перу, Эквадор, Аргентина, Фаронса, Олмон, Венгрия, Чехия, Белорусия низ ширкат доштанд.

Дар доираи Форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.

Намояндагони Донишгоҳи миллӣ дар бахшҳои алоҳидаи Форуми мазкур иштирок ва суханронӣ намуданда, бо дастовардҳои зерин ноил гардид:

Муродзода Умед – роҳбари даста, устоди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ, ҷойи 1-ум дар озмуни «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд»; Шабонов Шоҳкарим – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷои 1-ум дар озмуни «Амнияти иқтисодӣ аз нигоҳи ҷавонон: таҷрибаи ҷаҳонӣ…»; Иброҳимов Муҳаммадҷон – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷои 1-ум дар самти ҳуқуқ ва тиҷорат: эволютсия ва инноватсия; Мамаҷонова Азиза – донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷои 1-ум дар озмуни «Мушкилот дар услуби Тик-ток» аз рӯи номинатсия – Муаллим – қаҳрамони замони мо; Окилова Снежелана – донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷои 1-ум дар озмуни “Шаҳр: ояндаро кушоед”.

Ҳамзамон, имрӯз пахши маҷозии маросими муофотсупории форуми мазкур баргузор гардид, ки дастаи донишҷӯёни ДМТ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. қадрдонӣ шуданд.

Муваффақият муборак!